Ширкати ҳавопаймоии ватании “Сомон Эйр” ҷиҳати ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб парвоз анҷом медиҳад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, бо ин мақсад рӯзи 9 июл парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ дар АМА муроҷиат намоянд.
Сафорати Тоҷикистон дар Абу-Забӣ
Тел: +971 24417950; +971 508085074 (+WhatsApp); +971 569037333,
+971 561300808 (+WhatsApp)
E-mail: [email protected]
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай
Тел: +97143945814; +971547401717
E-mail: [email protected].
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.



