Тоҷикистониён боз дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон ҷамъ омаданд

Тақрибан 3 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон боз дар гузаргоҳи сарҳадии “Жибек Жоли” дар вилояти Туркистони Қазоқистон ҷамъ омаданд. Тавре хабаргузории Tengrinews.kz иттилоъ медиҳад, онҳо дар шароити зиддисанитарӣ зиндагӣ доранд. “Дар сарҳади байни Қазоқистону Ӯзбекистон панҷ рӯз инҷониб одамон дар гармо ва шароити зиддисанитарӣ умр ба сар мебаранд. Аз шароити тоқатфарсо муноқишаҳои дастаҷамъона рух дода, ОМОН […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Тақрибан 3 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон боз дар гузаргоҳи сарҳадии “Жибек Жоли” дар вилояти Туркистони Қазоқистон ҷамъ омаданд.

Тавре хабаргузории Tengrinews.kz иттилоъ медиҳад, онҳо дар шароити зиддисанитарӣ зиндагӣ доранд.

“Дар сарҳади байни Қазоқистону Ӯзбекистон панҷ рӯз инҷониб одамон дар гармо ва шароити зиддисанитарӣ умр ба сар мебаранд. Аз шароити тоқатфарсо муноқишаҳои дастаҷамъона рух дода, ОМОН бо автомат онҳоро назорат мекунад. Обу ғизоро дар як мағоза бо нархи се баробар гаронтар мехаранд, ҳоҷатхонаҳо ҳам пулакӣ аст. Дар бораи риояи масофаи иҷтимоӣ ҷойи сухан нест”, – қайд мешавад дар маводи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки Tengrinews.kz ба он истинод меоварад.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки аз бори навбатӣ ҷамъ шудани шаҳрвандони кишвар дар ин ҷо огаҳанд.

“Мувофиқи маълумоти дарёфтии мо, дар гузаргоҳи сарҳадии “Жибек Жоли” беш аз 50 нафар шаҳрвандони мо ҳузур доранд. Намояндагии мо дар Қазоқистон ба онҳо пешниҳод кард, ки бо парвози чатерӣ ба ватан баргарданд, лекин то ҳол маълум нест, ки онҳо сари чӣ қароре омадаанд”, – гуфтанд дар Вазорат.

Ёдрас мекунем, ки 3 июл бо транзит тариқи қаламрави Ӯзбекистон 776 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла зиёда аз 40 нафар кӯдакон аз гузаргоҳи “Жибек Жоли” бо автобус ба ватан баргардонида шуданд.

Баъди гирифтани тест дар 70 нафари ин шаҳрвандони ба ватан баргашта коронавирус ошкор шуд. Онҳо дар беморхонаи вилоятии Суғд, ки ҳамчун госпитал фаъолият дорад, бистарӣ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.