Суғд: ҳалокати 64 кас аз оғози сол бар асари ҳолатҳои фавқулода

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 260 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуда, бар асари он 64 сокини вилоят ба ҳалокат расидаанд. Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввал сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд полковник Баҳром Додиён хабар додааст. Дар […]

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 260 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуда, бар асари он 64 сокини вилоят ба ҳалокат расидаанд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввал сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд полковник Баҳром Додиён хабар додааст.

Дар маълумоти маркази матбуоти Кумита дар бораи маҳз дар кадом ҳодисаҳои ҳолатҳои фавқлода ҳалок шудани одамон маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки зиёни иқтисодӣ аз ҳодисаҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти техногенӣ дар ин давра қариб 43 млн сомониро ташкил додааст. Соли 2019 ҳаҷми зарар аз офатҳо дар вилоят ба ҳудуди 13 млн сомонӣ баробар буд.

Қисми зиёди зиёни иқтисодӣ – беш аз 32 млн сомонӣ ба зарари расида аз боридани барф шаби 8 ба 9 апрели соли равон рост меояд.

Боз қариб 8,5 млн сомонӣ – ҳаҷми зарар аз боришоти селу пуршиддат аст, ки рӯзи 29 апрел дар ноҳияи Мастчоҳ ба амал омада буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.