Барои раҳоӣ аз хизмат сарбози тоҷик 17 дона санг хӯрдааст

Сарбози хизмати ҳатмии яке аз қисмҳои низомии Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон Отабек Иброҳимов 17 сангро фурӯ бурдааст, ки то ки ӯро бемору корношоям эътироф карда, аз хизмати ҳарбии минбаъда озод кунанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, Иброҳимов моҳи ноябри соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст, лекин аллакай […]

Сарбози хизмати ҳатмии яке аз қисмҳои низомии Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон Отабек Иброҳимов 17 сангро фурӯ бурдааст, ки то ки ӯро бемору корношоям эътироф карда, аз хизмати ҳарбии минбаъда озод кунанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, Иброҳимов моҳи ноябри соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст, лекин аллакай баъди як моҳ ба душвориҳои хизмат тоб наоварда, 7 дона санг мехӯрад ва дар Беморхонаи марказӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бистарӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ҳангоми муолиҷа дар ин беморхона хизматчии ҳарбӣ боз 10 адад сангпораҳоро фурӯ бурдааст.

Дар натиҷа ӯ дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 376, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи  узвмаибкунӣ  ё усули дигар, ки такроран содир шудааст) гунаҳкор дониста шуд.

Бо ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Отабек Иброҳимов ба 2 соли зиндон маҳкум шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.