Бар асари пандемия 40%-и муҳоҷирон дар Русия бекор монданд

Дар Русия аз коронавирус бештар муҳоҷирон осеб диданд: замони пандемия 40%-и шаҳрвандони хориҷӣ бекор монданд. Дар ин бора "Коммерсантъ" хабар медиҳад. Тибқи натиҷаҳои назарпурсии Академияи хоҷагидорӣ ва хизмати давлатии Русия (РАНХиГС), дар мавриди корро аз даст додани русиягиҳо он ҳамагӣ ба 23%-и пурсидашудагон дахл доштааст. Бо назардошти кормандоне, ки маҷбурӣ ба рухсатӣ рафтанд, ҳиссаи муҳоҷирони […]

Дар Русия аз коронавирус бештар муҳоҷирон осеб диданд: замони пандемия 40%-и шаҳрвандони хориҷӣ бекор монданд. Дар ин бора "Коммерсантъ" хабар медиҳад.

Тибқи натиҷаҳои назарпурсии Академияи хоҷагидорӣ ва хизмати давлатии Русия (РАНХиГС), дар мавриди корро аз даст додани русиягиҳо он ҳамагӣ ба 23%-и пурсидашудагон дахл доштааст.

Бо назардошти кормандоне, ки маҷбурӣ ба рухсатӣ рафтанд, ҳиссаи муҳоҷирони даромадашонро аздастдода 75% ва русиягиҳо – 48%-ро ташкил медиҳад. Дар Маскав 76% муҳоҷирон ва 43% сокинони маҳаллӣ бекор мондаанд ё ба рухстии бемузд баромадаанд.

Даромади ҳамагӣ 19%-и муҳоҷирон аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) тағйир наёфта ё зиёд шудааст. Дар ҳамин ҳол, 51%-и муҳоҷирон дар Русия ва 54%-и муҳоҷирон дар Маскав изҳор доштаанд, ки ки “ҳамаи сарчашмаҳои даромадро аз даст додаанд”. Дар мавриди сокинони маҳаллӣ ин нишондиҳандаҳо дар саросари Русия ба 27% ва дар шаҳри Маскав ба 30% баробар аст.

Маълум шудааст, ки қисме аз муҳоҷирони меҳнатӣ (38% дар Маскав ва 42% дар саросари Русия) пулҳои амонат доранд, лекин он танҳо ба муҳлати кӯтоҳ кифоя буда, танҳо 10% муҳоҷирон дар Русия ва 8% дар Маскав тавонистаанд бо ин маблағ карантини семоҳаро паси сар кунанд.

Дар марҳилаи аввали карантин пешгӯйиҳо бисёр буданд, ки бо аз даст додани кор ва имкони бозгашт ба ватан надоштан, муҳоҷирон ба ҷинояткорӣ даст мезананд. Тавре нашрияи “Ведомости” менависад, ин пешгӯйиҳо тасдиқ нашуданд.

Бино ба маълумоти ВКД Русия, нисбат ба моҳи апрели соли гузашта моҳи апрели имсол шумори ҷиноятҳои аз ҷониби хориҷиён содиршуда 9,6%, аз ҷумла куштор – 14,3%, роҳзанӣ – 7,8%, ғоратгарӣ – 28,6% ва дуздӣ – 5,9% кам шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.