Истифодаи фарзанди маъюб дар ҷамъоварии маблағ

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони мақомоти милитсия пойтахт сокини ноҳияи Рудакиро барои ҷалби фарзанди маъюбаш ба ҷамъоварии маблағ боздошт карданд.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян шудааст, ки ин шаҳрванд Хуршед Ҳабибуллоев, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи деҳаи Арбобхотун буда, ҷавони дар аробачаи маъюбӣ нишаста фарзанди 17-солаи ӯ мебошад.

Нисбат ба Хуршед Ҳабибуллоев, ки бо истифода аз муҳтоҷиву дардмандии фарзанди худ ба ҷамъоварии маблағ машғул будааст, парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Бо қарори суд нисбаташ ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин гардида, барои дар оянда такроран содир накардани кирдори мазкур огоҳонида шудааст.

Рӯзи 7-уми июл дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки тибқи иттилои муаллиф, ҳар саҳар марде як ҷавони маъюбро дар аробачаи махус шинонида, ба назди бозорчаи маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе меорад. Ин навраси маъюб то бегоҳ ба талбандагӣ машғул мешавад. Сипас бо фаро расидани шом мард боз ба ҳамин мавзеъ омада, маблағҳои дар давоми рӯз ҷамъгшударо ба ҷайби худ андохта, писарбачаро бо худ мебарад.

Ин навор мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон, махсусан корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, онҳо аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе талаб карданд, ки нисбат ба кирдорҳои авомфиребонаи марди дар навор инъикосшуда чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...