Кумаки соҳибкорон ба муассисаҳои тандурустии ВМКБ

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Хрустал” ба муассисаҳои тандурустиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 кумаки иборат аз либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва доруворӣ дастрас кардааст. Бино ба иттилои МИМҲД-и ВМКБ, ҳарчанд ки шиддати паҳншавии бемории COVID-19 дар чанд ҳафтаи охир бамаротиб паст шудааст, аммо табибон ҳушдор медиҳанд, ки то […]

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Хрустал” ба муассисаҳои тандурустиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 кумаки иборат аз либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва доруворӣ дастрас кардааст.

Бино ба иттилои МИМҲД-и ВМКБ, ҳарчанд ки шиддати паҳншавии бемории COVID-19 дар чанд ҳафтаи охир бамаротиб паст шудааст, аммо табибон ҳушдор медиҳанд, ки то пирӯзии комил бар коронавирус аз чораҳои худмуҳофизатӣ даст накашанд.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо изҳори сипос зимни қабули кумаки навбатӣ аз ҶДММ “Хрустал” гуфтааст: “Маҳз муборизаи муштараки мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд буд, ки Тоҷикистон тавонист аз паҳншавии густурдаи ин беморӣ пешгирӣ карда, вазиятро ба эътидол орад”.

Инчунин сардори раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров қайд кардааст, ки ин ширкат ба муассисаҳои табобатии вилоят 10 ҳазор ниқоб, 179 дона либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ (антисептик) ва доруворӣ ирсол доштааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамаи ин мавод дар анборхона захира шуда, дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд. Зеро тибқи таҳлили коршиносони соҳаи тиб, бемории COVID-19 имкон дорад, ки дуввумбора ҳам хуруҷ кунад.

Алъон дар ҷаҳон барои табобати ин беморӣ ягон намуди воксин аз тарафи табибони сироятшинос тасдиқ нашудааст ва роҳҳои пешгирии он истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ, пайваста шустани дастон ва риояи фосилаи ҷисмонӣ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.