Кумаки корбарони “Азия-Плюс” ба зане, ки бо 100 сомонӣ рӯзгорашро пеш мебурд

Asia-Plus

Пас аз гузориш дар бораи зиндагии душвори Зиёда Қаюмова, ки бо ду кӯдаки хурдсол дар як вагоне дар канори Душанбе зиндагӣ мекунад, садҳо нафар бо хоҳиши кумак ба ин зан муроҷиат карданд.

Рӯзи сешанбе дар платформаҳои гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” таҳти унвони “Зане аз вагон: чӣ гуна метавон бо 100 сомонӣ зиндагиро бо ду кӯдак пеш бурд” гузориши видеоӣ ба нашр расид.

Зиёда Қаюмова дар як вагоне дар канори Душанбе зиндагӣ мекунад. Қитъаи заминро ӯ аз давлат гирифта, вагонро директори мактаб дод, ки дар он фаррош шуда кор мекард. Бар асари пандемия ӯ бекор монд ва бо 100 сомонӣ кумакпулӣ рӯзгорашро пеш мебурд.

Маводи мазкур сарусадоҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, садҳо нафар ҷиҳати кумак ба ин модари камбизоат омодагӣ изҳор карданд.

Бархе аз корбарон ваъда доданд, ки бо масолеҳи сохтмон кумак мекунанд ва ҳатто нафароне ҳам пайдо шуданд, ки барои кумак дар сохтмони хона омодаанд.

Имрӯз Зиёда Қаюмова ба идораи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” занг зада, изҳори миннатдорӣ кард.

“Даҳҳо нафар одамони некхоҳ ба корт пул гузарониданд. Субҳи имрӯз санҷида, дидам, ки дар корт қариб 5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст. Чандин нафар занг зада, суроғаамро пурсиданд, то ки маҳсулот оранд. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки худро канор нагирифта, дар бораи рӯзгори ман ба мардум маълумот доданд”, – изҳор дошт ин зан.

Агар Шумо низ хоҳиши кумак ба ин занро дошта бошед, рақами телефони ӯ чунин аст: +992 91 504 20 35.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...