Кумаки корбарони “Азия-Плюс” ба зане, ки бо 100 сомонӣ рӯзгорашро пеш мебурд

Пас аз гузориш дар бораи зиндагии душвори Зиёда Қаюмова, ки бо ду кӯдаки хурдсол дар як вагоне дар канори Душанбе зиндагӣ мекунад, садҳо нафар бо хоҳиши кумак ба ин зан муроҷиат карданд. Рӯзи сешанбе дар платформаҳои гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” таҳти унвони “Зане аз вагон: чӣ гуна метавон бо 100 сомонӣ зиндагиро бо ду кӯдак пеш […]

Пас аз гузориш дар бораи зиндагии душвори Зиёда Қаюмова, ки бо ду кӯдаки хурдсол дар як вагоне дар канори Душанбе зиндагӣ мекунад, садҳо нафар бо хоҳиши кумак ба ин зан муроҷиат карданд.

Рӯзи сешанбе дар платформаҳои гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” таҳти унвони “Зане аз вагон: чӣ гуна метавон бо 100 сомонӣ зиндагиро бо ду кӯдак пеш бурд” гузориши видеоӣ ба нашр расид.

Зиёда Қаюмова дар як вагоне дар канори Душанбе зиндагӣ мекунад. Қитъаи заминро ӯ аз давлат гирифта, вагонро директори мактаб дод, ки дар он фаррош шуда кор мекард. Бар асари пандемия ӯ бекор монд ва бо 100 сомонӣ кумакпулӣ рӯзгорашро пеш мебурд.

Маводи мазкур сарусадоҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, садҳо нафар ҷиҳати кумак ба ин модари камбизоат омодагӣ изҳор карданд.

Бархе аз корбарон ваъда доданд, ки бо масолеҳи сохтмон кумак мекунанд ва ҳатто нафароне ҳам пайдо шуданд, ки барои кумак дар сохтмони хона омодаанд.

Имрӯз Зиёда Қаюмова ба идораи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” занг зада, изҳори миннатдорӣ кард.

“Даҳҳо нафар одамони некхоҳ ба корт пул гузарониданд. Субҳи имрӯз санҷида, дидам, ки дар корт қариб 5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст. Чандин нафар занг зада, суроғаамро пурсиданд, то ки маҳсулот оранд. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки худро канор нагирифта, дар бораи рӯзгори ман ба мардум маълумот доданд”, – изҳор дошт ин зан.

Агар Шумо низ хоҳиши кумак ба ин занро дошта бошед, рақами телефони ӯ чунин аст: +992 91 504 20 35.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.