Наҷотбахшони КҲФ 35-умин қурбонии мавсимро аз об берун оварданд

Date:

Кормандони Раёсати ҷустуҷӯӣ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ ҷасади сокини 22-солаи деҳаи Оби шифои ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро аз қаъри об берун оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ, ин ҷавон дар ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ шиноварӣ мекард ва аз риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар об ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, ғаввосон (водолазҳо)-и Раёсат ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ба ҷустуҷӯ оғоз карданд ва соате пас ҷасади марҳумро пайдо ва ба пайвандонаш супурдаанд.

Ёдрас мешавад, ки зарфи шаш моҳи соли равон 35 нафар дар об ғарқ шудаву ҷони худро аз даст додаанд, ки 16 нафари онҳо ҷавонони 17-35-сола мебошанд.

Зимнан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад, ки ҳангоми истироҳат ҳамеша риоя қоидаҳои бехатарӣ зарур аст, то ки ҷони худу ҳамроҳон ба хатар гузошта нашавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...