Наҷотбахшони КҲФ 35-умин қурбонии мавсимро аз об берун оварданд

Кормандони Раёсати ҷустуҷӯӣ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ ҷасади сокини 22-солаи деҳаи Оби шифои ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро аз қаъри об берун оварданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ, ин ҷавон дар ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ шиноварӣ мекард ва аз риоя накардани […]

Asia-Plus

Кормандони Раёсати ҷустуҷӯӣ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ ҷасади сокини 22-солаи деҳаи Оби шифои ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро аз қаъри об берун оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ, ин ҷавон дар ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ шиноварӣ мекард ва аз риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар об ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, ғаввосон (водолазҳо)-и Раёсат ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ба ҷустуҷӯ оғоз карданд ва соате пас ҷасади марҳумро пайдо ва ба пайвандонаш супурдаанд.

Ёдрас мешавад, ки зарфи шаш моҳи соли равон 35 нафар дар об ғарқ шудаву ҷони худро аз даст додаанд, ки 16 нафари онҳо ҷавонони 17-35-сола мебошанд.

Зимнан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад, ки ҳангоми истироҳат ҳамеша риоя қоидаҳои бехатарӣ зарур аст, то ки ҷони худу ҳамроҳон ба хатар гузошта нашавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.