Нигаронии шаҳрдории Хуҷанд аз афзоиши шумори сироятёфтагон аз COVID-19

Asia-Plus

“Рӯзҳои охир бинобар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва дигар омилҳои хатарзо тамоюли афзудани бемории сироятии короновирус дар шаҳри Хуҷанд ба мушоҳида мерасад, ки ташвишовар гардидааст”, – иброз дошт зимни ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳр ва ҳамзамон раиси ситод таваҷҷуҳи ҳозиринро ба омилҳои хатарзои мавҷи дуюми бемории сироятӣ ҷалб намуда, таъкид дошт, ки дар кишварҳои ҳамсоя мавҷи дуюми он хеле хатарнок арзёбӣ гардида, фавти зиёди сокинони ба мушоҳида мерасад.

“Имрӯз беморӣ шакли худро дигаргун намуда, таъсиррасонии хешро бештар кардааст, ки аксарият ба фавт оварда расонидааст”, – қайд кард ӯ.

Тибқи маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, агар як ҳафта пеш 1-2 нафар бо аломатҳои коронавирус ба беморхонаҳои вилоят муроҷиат мекарданд, пас ҳафтаи охир ин шумор ба 8-9 нафар расидааст.

Шаҳрдор таъкид дошт, ки роҳи муҳими пешгирӣ аз ин беморӣ риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва дигар муқаррароти Вазорати танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мебошад.

“Бекор намудани маҳдудиятҳо маънии комилан аз байн рафтани бемориро надорад, – изҳор дошт ӯ. – Кам шудани шиддати беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бархе сокинонро хушҳол намуда, бидуни зарурат ва бениқоби гигиенӣ ба кӯча баромада истодаанд, ки боиси нигаронӣ шудааст. Ҳамчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бахусус бозорҳо ба чашм расидани анбуҳи одамон ки омили асосии сироятёбӣ маҳсуб мешавад дар вазъияти имрӯза хатарнок маънидод мегардад”.

Дар ин робита ба масъулини ҳамаи соҳаҳо ҷиҳати фаъол будан ба роҳандозии маъакаҳои фаҳмондадиҳӣ дастур дода шуд.

Муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ низ чанд маконҳои эҳтимоли сар задани бемориро номбар карда, бозорҳо ва макони баргузории маъракаҳоро аз хатарноктарин мавзеъҳо унвон намуд.

“То ҳол дар бозор, тӯю маъракаҳо мардум бидуни риояи масофа ва бениқоб ҳозир шуда, хатари сироятёбии бемориро афзун намуда истодаанд, – зикр кард муовини раиси вилоят. – Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ин мавзеъҳои серодам як нафар то 15 нафарро сироят намудааст”.

Дар бораи шумори дақиқи сироятёфтагону беморон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавирус дар вилояти Суғд маълумот дода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...