Пешниҳоди боздоштани фаъолияти МТИ “Зеркало” аз суд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазорати адлияи Тоҷикистон ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт пешниҳод кардааст, ки фаъолияти Маркази тадқиқоти иҷтимоии “Зеркало” боздошта шуда, инчунин фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Operation Mercy манъ карда шавад.

Ба гуфтаи муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Асадулло Ҳикматзода, дар фаъолияти ин ташкилотҳо нақзи меъёрҳои оинномаҳои онҳо ошкор шудааст.

Ҳикматзода изҳор дошт, ки ташкилоти ҷамъиятии Operation Mercy оинномааашро риоя накарда, ба таблиғи дини насронӣ дар Тоҷикистон машғул шудааст.

Дар мавриди Маркази “Зеркало” зикр шуд, ки  ин ташкилот меъёрҳои оинномаашро дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, маблағгузории ташкилот, инчунин қабули қарорҳои машваратӣ риоя накардааст.

“Маркази “Зеркало” одамонро бидуни анҷоми расмиёт ба кор қабул намуда, қарорҳои марказ бидуни риояи оиннома на дар ҷаласаи ҳайати мушовара, балки  аз ҷониби 1 нафар қабул мешуданд”, – қайд кард Ҳикматзода.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки МТИ “Зеркало” имрӯзҳо рӯйи бартараф кардани иштибоҳоти содиршуда кор карда, суд метавонад ин ҳолатҳоро ба инобат гирад.

Маркази тадқиқоти ичтимоии “Зеркало” бо ташаббуси як гурӯҳ ҷомеашиносон ва мутахассисони соҳаи омӯзиши афкори ҷомеа дар Тоҷикистон соли 1999 дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Тӯли солҳои сипаришуда МТИ “Зеркало” аз ташкилоте, ки дар ҳудуди пойтахт назарпурсиҳои дохилӣ анҷом медод, ба як ташкилоте табдил ёфт, ки дар саросари кишвар назарсанҷиҳои бузургмиқёс баргузор мекунад.

Operation Mercy – созмони байнулмилалии кумакрасонӣ ва рушд бо собиқаи беш аз 20-солаи корӣ ва қароргоҳ дар Шветсия аст, ки дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, Африқои Шимлоӣ ва Ховари Миёна кор карда, дар ин кишварҳо лоиҳаҳо оид ба рушди ҷомеа ва расонидаи кумаки башардӯстонаро амалӣ месозад.

Дар Тоҷикистон Operation Mercy аз соли 1993 фаъолият дорад. Лоиҳаҳои созмон ба рушди бахши кишоварзӣ, рушди фарогири ҷомеа, беҳбуди маърифатнокии санитарии ҷомеа ва ташаббусҳо оид ба гирифтани даромад равона шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...