Пахши 3 пиёдагард дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Ронандаи сабукрави Hyundai Solaris дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 3 пиёдагардро пахш кардааст. Дар натиҷа ду нафари онҳо ба ҳалокат расида, як кас дар ҳолати вазнин бистарии беморхона шудааст. Бино ба иттилои КҲФ, ин ҳодиса зуҳри 11-уми июл дар километри 172-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ рух додааст. Ронандаи 32-солаи сокини деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб Далер Исмоилов […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ронандаи сабукрави Hyundai Solaris дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд 3 пиёдагардро пахш кардааст. Дар натиҷа ду нафари онҳо ба ҳалокат расида, як кас дар ҳолати вазнин бистарии беморхона шудааст.

Бино ба иттилои КҲФ, ин ҳодиса зуҳри 11-уми июл дар километри 172-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ рух додааст. Ронандаи 32-солаи сокини деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб Далер Исмоилов аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагардонро дар ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд пахш кардааст. Ин мошин аз Душанбе ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буда, сабаби садамаи маргбор дақиқ маълум нест.

Бар асари ҳодиса пиёдагардони канори роҳ – яке сокини 36-солаи ҷамоати деҳоти Оқтеппаи ноҳияи Спитамен Ғолибҷон Хоҷаматов ва дуюмӣ ҷавони 25-сола, сокини ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнӣ Муҳаммадкарим Ҷумъаев буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Сокини 29-солаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров Тоҳирҷон Шарифов айни замон дар шуъбаи эҳёи бемористони ноҳияи Шаҳристон бистарист ва духтурон ҳоли ӯро низ вазнин арзёбӣ кардаанд.

Ронандаи сабукрав дар ин садама осеб надидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.