Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Қазоқистон дар робита ба рӯзи миллии ёдбуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар робита ба эълони рӯзи миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи “Ковид-19” барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки “дар иртибот ба эълон кардани рӯзи миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи “Ковид-19” дар Қазоқистон бо таманниёти шифои ҳарчи зудтари […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар робита ба эълони рӯзи миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи “Ковид-19” барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки “дар иртибот ба эълон кардани рӯзи миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи “Ковид-19” дар Қазоқистон бо таманниёти шифои ҳарчи зудтари комил ба ҳамаи гирифторони ин беморӣ ҳамдардии амиқи моро ба мардуми бародари Қазоқистон иброз медорам”.

“Итминон дорам, ки тадбирҳои ҷиддии аз ҷониби ҳукумати Қазоқистон ҷиҳати гирифтани пеши роҳи хатари сирояти вирус андешидашаванда ба қарибӣ натиҷаҳои матлуб ба бор хоҳанд овард”, – омадааст дар барқия.

Дар барқия инчунин зикр мегардад, ки Тоҷикистон вазъияти вобаста ба сирояти коронавирусро, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, бо нигаронии амиқ пайгирӣ менамояд.

“Таҳдиди афзоишёбандаи пандемияи “Ковид-19” моро ба таҳкими ҳарчи бештари ҳамдиливу дастгирии якдигар ва муттаҳид кардани талошҳо баҳри рафъи он водор менамояд”, – изҳор мешавад дар он.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати расонидани кумаки имконпазир ва мусоидат, ҳамчунин густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид кард.

Тавре Liter.kz хабар медиҳад, имрӯз, 13 июл дар Рӯзи миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи коронавирус дар Қазоқистон соати 12:00 ба вақти Нур-Судтон дар саросари қаламрави Қазоқистон дақиқаи хомӯшӣ эълон мешавад.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар Қазоқистон 59 ҳазору 899 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 33 ҳазору 814 нафар шифо ёфтанд. Дар ин кишвар 375 нафар аз коронавирус фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.