Васеъкунии шабакаи «босуръат»-и Мегафон Тоҷикистон дар Хатлон

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ минтақаи фарогирии интернети мобилии 4G-ро дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон васеъ намуд. Даҳҳо ҳазор сокинони вилоят имкон доранд, ки хизматрасониҳои интернети мобилиро бо суръатҳои баландтар истифода намоянд. Дар рафти корҳои техникии тобистона дар якчанд шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҷониби оператор пойгоҳҳои нави базавӣ насб карда шудаанд. Аз ҷумлаи ин […]

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ минтақаи фарогирии интернети мобилии 4G-ро дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон васеъ намуд. Даҳҳо ҳазор сокинони вилоят имкон доранд, ки хизматрасониҳои интернети мобилиро бо суръатҳои баландтар истифода намоянд.

Дар рафти корҳои техникии тобистона дар якчанд шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҷониби оператор пойгоҳҳои нави базавӣ насб карда шудаанд. Аз ҷумлаи ин ҳудудҳо – шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, ноҳияҳои Фархор ва Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд. Технологияҳои аз ҷониби муҳандисони ширкат истифодашуда на танҳо ба баландшавии суръати дастрасии мобилӣ, ки афзалияти асосии шабакаи 4G маҳсуб меёбад, мусоидат намуд, балки инчунин ҳиссаи пайвастагиҳои бомуваффақияти овозӣ ва интернетиро низ зиёд намуд.

“Ҳамаи лоиҳаҳои техникӣ ду мақсад доранд: баландбардории сатҳи устувории хизматрасониҳо ва васеъкунии ҳудуде, ки дар он хизматрасониҳои мазкур ба сокинони Хатлон дастрас мебошанд. Одатан чунин корҳо барои муштариён ноаёнанд, зеро дар он вақте гузаронида мешаванд, ки истифодабарандагони интернет дар шабака хеле каманд. Лекин натиҷа барои ҳама писанд аст. Сифати беҳтари “овоз”, суръатҳои баландтари интернет, пайвастагии устувор дар вақти зангҳо – ҳамаи ин дастовардҳое мебошанд, ки мо ҳангоми инкишофи шабака ба онҳо ноил шудем”, – мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.