БОР ба Тоҷикистон барои ҷорисозии низоми биллингӣ $105 млн ҷудо мекунад

Asia-Plus

Дар доираи амалисозии Лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика дар ҶТ” Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон 105 млн доллар грант ҷудо мекунад.

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки низоми биллингии пешрафта дар навбати аввал дар шаҳру навоҳии Душанбе, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва Данғара ҷорӣ мешавад.

“Бо мақсади амалисозии ин лоиҳа БОР ба Тоҷикистон 105 млн доллар маблағ ҷудо мекунад, ки 70 млн доллари он ба тадбирҳои коҳиши талафоти нерӯи барқ, 15 млн доллар – ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва 20 млн доллар – ба дастгирии буҷети давлатӣ сарф мешавад”, – хабар доданд дар нишасти матбуотӣ.

Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ аз лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон” дастгирӣ намуда, 25 млн доллар қарзи имтиёзнок пешниҳод кард.

Моҳи июли соли 2017 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҷорисозии низоми худкори назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ (усули биллингӣ) қарор қабул кард.

Низоми биллингӣ ҳамаи ҷараёни марбут ба анҷоми баҳисобгирӣ бо истеъмолгарони барқ шурӯъ аз баҳисобгирии барқи истифодашуда ва то ҳисобу китоби пардохтҳои аз ҷониби мизоҷ анҷомдодаро фаро мегирад.

Ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки низоми нав ба пешгирии минбаъд зиёдшавии қарзи ширкати “Барқи тоҷик”, ки ба аввали соли равон 26 млрд. сомонӣ (беш аз 2,6 млрд доллар) расид, муоидат менамояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...