БОР ба Тоҷикистон барои ҷорисозии низоми биллингӣ $105 млн ҷудо мекунад

Дар доираи амалисозии Лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика дар ҶТ” Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон 105 млн доллар грант ҷудо мекунад. Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки низоми биллингии пешрафта дар навбати аввал дар шаҳру навоҳии Душанбе, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва Данғара ҷорӣ мешавад. […]

Дар доираи амалисозии Лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика дар ҶТ” Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон 105 млн доллар грант ҷудо мекунад.

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки низоми биллингии пешрафта дар навбати аввал дар шаҳру навоҳии Душанбе, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва Данғара ҷорӣ мешавад.

“Бо мақсади амалисозии ин лоиҳа БОР ба Тоҷикистон 105 млн доллар маблағ ҷудо мекунад, ки 70 млн доллари он ба тадбирҳои коҳиши талафоти нерӯи барқ, 15 млн доллар – ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва 20 млн доллар – ба дастгирии буҷети давлатӣ сарф мешавад”, – хабар доданд дар нишасти матбуотӣ.

Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ аз лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон” дастгирӣ намуда, 25 млн доллар қарзи имтиёзнок пешниҳод кард.

Моҳи июли соли 2017 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҷорисозии низоми худкори назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ (усули биллингӣ) қарор қабул кард.

Низоми биллингӣ ҳамаи ҷараёни марбут ба анҷоми баҳисобгирӣ бо истеъмолгарони барқ шурӯъ аз баҳисобгирии барқи истифодашуда ва то ҳисобу китоби пардохтҳои аз ҷониби мизоҷ анҷомдодаро фаро мегирад.

Ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки низоми нав ба пешгирии минбаъд зиёдшавии қарзи ширкати “Барқи тоҷик”, ки ба аввали соли равон 26 млрд. сомонӣ (беш аз 2,6 млрд доллар) расид, муоидат менамояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.