Вазорати кишоварзӣ аз пахтакорони Чин ҳимоят кард

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

“Дуруст аст, ки баъди кори чиниҳо дар замин ҳатто алафи бегона намерӯяд?”, – садо дод чунин савол зимни нишасти матбуоти Вазорати кишоварзӣ аз ҷониби рӯзноманигоре, ки ба масъалаи истифодаи заминҳои кишти Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои Чин таваҷҷуҳ дошт.

Ёдрас мекунем, ки ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин – «Ҷунтай Хатлон Син Силу» ва «Водии заррин» дар вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 10 ҳазор гектар пахта парвариш мекунанд.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода ин гумонҳоро нодуруст арзёбӣ карда, чунин посух дод:

“Баръакс, дар парвариши рустаниҳои кишоварзӣ чиниҳо аз технологияҳои муосир ва обёрии қатрагӣ  истифода мебаранд, ки об ва нуриҳои минералӣ сарфа мешаванд. Бо истифода аз тарзу усули муосири агротехникӣ онҳо аз як гектар 30-35 сентнер ҳосил ба даст меоранд”.

Лекин чанде аз фермерони маҳаллӣ мегӯянд, бар асари гаронии маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ, арзиши аслии маҳсулоти онҳо баланд мешавад, лекин ширкатҳое, ки маҳсулоти онҳоро мехаранд, барои як тонна пахта ҳамагӣ 400-500 доллар нарх пешниҳод мекунанд.

“Агар технология риоя шавад, ҳеҷ яке аз хоҷагиҳо зиён намебинад, – қайд кард вазир. – Пахта ашёи хоми стратегӣ буда, воридшавии миқдори зиёди асъорро ба кшвар таъмин мекунад”.

Қобили зикр аст, ки имсол дар Тоҷикистон дар майдони ҳудуди 190 ҳазор гектар пахта кишт шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...