Хатсайри махсус барои аз Русия баровардани донишҷӯёни тоҷик

Сафорати Тоҷикистон дар Русия барои баровардани донишҷӯёни тоҷик аз ин кишвар хатсайри махсус ташкил кард. Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” имрӯз соати 12:00 (ба вақти Маскав) аз пойтахти Русия парвоз мекунад. “Ба ҳар хатсайри чартерӣ 10-15 нафар донишҷӯёнро мегирифтем, лекин ахиран муроҷиатҳои донишҷӯёни хоҳишманди ба хона баргаштан зиёд […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия барои баровардани донишҷӯёни тоҷик аз ин кишвар хатсайри махсус ташкил кард.

Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” имрӯз соати 12:00 (ба вақти Маскав) аз пойтахти Русия парвоз мекунад.

“Ба ҳар хатсайри чартерӣ 10-15 нафар донишҷӯёнро мегирифтем, лекин ахиран муроҷиатҳои донишҷӯёни хоҳишманди ба хона баргаштан зиёд шуда, тасмим гирифтем, ки барои баровардани онҳо хатсайри махсус ташкил кунем”, – гуфтанд дар сафорат.

Ба иттилои манбаъ, бо ин ҳавопаймо 167 нафар донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки қаблан бо сафари хизматӣ ба Русия рафта буданд, ба ватан бармегарданд.

Зикр шуд, ки камшавии нархи билет барои донишҷӯён бо ин хатсайр пешбинӣ нагардида, онҳо низ арзиши пурраи онро пардохт мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июн чанде аз муассисаҳои таълимии Русия аз донишҷӯёни хориҷӣ талаб карданд, ки то 30 июн хобгоҳҳоро тарк кунанд. Он замон аз сафорати Тоҷикистон хабар дода буданд, ки бо мусоидати Вазорати маориф ва илми Русия ин мушкил ҳал шуда, акнун донишҷӯёни тоҷик то оғози соли хониши нав дар хобгоҳҳои худ боқӣ монда метавонанд.

Соли 2019 вазири вақти маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки “аз 30 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар хориҷи кишвар қариб 24 ҳазор нафарашон дар Русия таҳсил мекунанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.