Қазоқистон ба Тоҷикистон дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ мефиристад

Asia-Plus

Қазоқистон ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 100 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) мефиристад.

Бино ба иттилои хабаргузории Фергана, ин маълумотро зимни брифинг дар хадамоти коммуникатсияҳои марказӣ муовини вазири тандурустии ин кишвар Людмила Бюрабекова тасдиқ кардааст.

Қаблан рӯзноманигор Ерканат Копжасарули изҳор дошта буд, ки ҳукумати Қазоқистон барои харидории 100 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ҷиҳати ирсол ба Тоҷикистон 63,2 млн танга (153 ҳазор доллар) ҷудо мекунад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ норозигӣ изҳор намуда, хотиррасон карданд, ки ҳозир “вазъият хеле бад буда, ба худи ҷумҳурӣ кумак лозим аст”.

Дар навбати худ дар Вазорати танурустӣ қайд карданд, ки кумак ба дигар кишварҳо таҷрибаи маъмул дар саросари ҷаҳон аст.

“Ҳозир ҳама давлатҳо ба ядигар кумак мекунанд ва мо низ дар канор намемонем. Пештар аллакай ба дигар кишварҳо кумак кардем. Айни замон ҳукумати Қазоқистон масъалаи то охири сол расонидани кумаки башардӯстона ба Тоҷикистонро бо дастгоҳҳои нафасиҳии сунъӣ баррасӣ дорад. Ин ҷо сари пурра муҷаҳҳаз гардонидани мошинҳои ёрии таъҷилӣ сухан меравад, яъне ин дастгоҳҳо баро интиқоли беморон истифода бурда мешаванд”, – гуфтааст Бюрабекова.

Муовини вазири тандурустии Қазоқистон зикр кардааст, ки чунин дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ дар вилояти Акмолински ин кишвар истеҳсол мешаванд.

Қобили зикр аст, ки аз оғози пандемия Қазоқистон аз Русия, Чин, ИМА, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо кумаки башардӯстона гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.