26 корманди соҳаи тандурустии Хатлон дар давраи COVID-19 фавтиданд

Аз аввали бақайдгирии бемории сироятии COVID-19 дар вилояти Хатлон то имрӯз, 15-уми июл 26 корманди соҳаи тандурустӣ ва 20 нафар аҳли маориф аз олам даргузаштанд. Дар ин бора зимни нишастҳои хабарии мақомоти дахлдор маълумот дода шуд. Мирзоалӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон имрӯз гуфт, ки дар ин муддат 358 нафар кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ба бемории илтиҳоби […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Аз аввали бақайдгирии бемории сироятии COVID-19 дар вилояти Хатлон то имрӯз, 15-уми июл 26 корманди соҳаи тандурустӣ ва 20 нафар аҳли маориф аз олам даргузаштанд. Дар ин бора зимни нишастҳои хабарии мақомоти дахлдор маълумот дода шуд.

Мирзоалӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон имрӯз гуфт, ки дар ин муддат 358 нафар кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуданд, аз ҷумла, 162 табиб, 159 ҳамшираи шафқат, 31 корманди хурди тиббӣ ва 6 корманди техникӣ.

“Дар ин давра 26 нафар кормандони соҳаи тандурустии вилоят аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд. Аз ҷумла, 14 нафар табибон ва боқӣ ҳамшираҳои шафқату кормандони хурд ва техникӣ мебошанд. Аз ин шумора 2 нафар аз бемории COVID-19 фавтиданд”, – иброз дошт Мирзоалӣ Раҷабзода.

Ӯ ҳамчунин гуфт: “Ҳамагӣ аз оғози бақайдгирии бемории коронавируси нав, яъне COVID-19 дар вилояти Хатлон то 15-уми июли соли равон 5 ҳазору 882 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 5 ҳазору 321 нафар, яъне 90,4% шифо ёфтааст. То имрӯз 199 нафар, яъне 3,3%-и онҳо дар беморхонаҳо ва 29 кас дар муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) фавтиданд”.

“Аз шумораи умумии беморони гирифтори илтиҳоби шуш баъд аз таҳлили лабораторӣ 717 нафар бо ташхиси COVID-19 мусбат арзёбӣ шуда, 15 нафари онҳо аз ин беморӣ фавтиданд”, – қайд кард сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон.

Вай афзуд, ки алҳол дар шуъбаҳои бемориҳои сироятии вилоят 47 кас бо илтиҳоби шуш бистарӣ шуда, 293 нафари дигар тариқи амбулаторӣ табобат мегиранд.

“Вазъи бемории COVID-19 дар вилоят айни замон муътадил аст. Сохторҳои соҳаи тандурустӣ, мақомоти иҷроияи вилоят ва дигар сохторҳои давлатӣ тамоми чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии коронавирусро андешида истодаанд”, – изҳор дошт Раҷабзода.

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловар Исозода зимни нишасти матбуотиаш имрӯз, 15-уми июл хабар дод, ки 20 нафар кормандони соҳаи маорифи вилоят дар давраи COVID-19 вафот кардаанд.

Исозода ба суоли: “Ин кормандон аз бемории илтиҳоби шуш ва ё аз COVID-19 фавтиданд?” чунин посух дод: “Ҳамин тавр ҳам шояд бошад, вале ман дақиқ гуфта наметавонам, зеро ташхиси бемории онҳоро намедонам”.

“Қисме аз онҳо омӯзгорони калонсол буданд, ки тариқи шартномавӣ кор мекарданд”, – гуфт ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.