Ҷоми футболи Тоҷикистон: ҷуфтҳои 1/8 финалӣ муайян шуданд

Имрӯз, 15 июл дар дафтари кории Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) маросими қуръакашии дастаҳои иштирокчии даври 1/8 финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 баргузор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ дар даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон чунин дастаҳо бо ҳам рақобат мекунанд: Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ); «Истиқлол» (Душанбе) – […]

Имрӯз, 15 июл дар дафтари кории Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) маросими қуръакашии дастаҳои иштирокчии даври 1/8 финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ дар даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон чунин дастаҳо бо ҳам рақобат мекунанд: Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ); «Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон); «Барқчӣ» (Ҳисор) – «Локомотив-Помир» (Душанбе); «Душанбе-83» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода); «Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» (Хуҷанд); «Файзқанд» (Восеъ) – «Хатлон» (Бохтар); «Истаравшан» (Истаравшан) – КМВА (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Кӯктош» (ноҳияи Рӯдакӣ).

Баргузории бозиҳои марҳилаи 1/8 финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 рӯзҳои 1-3 август ба нақша гирифта шудааст.

Имсол мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон бо шакли нав мегузарад. Ҳамаи марҳилаҳои мусобиқа (пешакӣ, 1/8, 1/4, 1/2 финалӣ) аз як бозӣ (қаблан аз ду бозӣ дар майдони худ ва дар меҳмонӣ) иборат хоҳад буд. Соҳибони майдон дар ин вохӯриҳо мувофиқи ҷадвали мусобиқаи Ҷом муайян карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дастаи ғолиби мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 ба намояндагии кишвар дар мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021 ҳуқуқ пайдо мекунад. Дар сурате, ки агар як даста ҳам чемпиони кишвар ва ҳам соҳиби ҷом шавад, Тоҷикистонро дар Ҷоми КФО-2021 дастаи дорандаи медалҳои биринҷии чемпионати кишвар намояндагӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.