Боз 1 ҳолати фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 48 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6 ҳазору 643 нафар расид.

Гуфта мешавад, дар ин муддат боз 1 ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шуда, ҳамин тариқ, теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус 56 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, то 14-уми июл 178 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 54 кас баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Теъдоди умумии шифоёфтагон 5 ҳазору 332 (80,2%) нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, боз 1 ҳазор нафар беморони дигар дар хонаҳояшон муолиҷа мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, Сардори шуъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд Лолахон Файззода чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки тӯли ним сол дар вилоят 6063 ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шуда, “дар ҳеҷ кадоме аз маълумотномаҳои тиббӣ COVID-19 ба сифати сабаби марг зикр нашудааст”.

Ӯ қайд кард, ки тибқи маълумотномаҳои тиббӣ оид ба сабабҳои марг, дар ин давра 203 нафар аз бемории илтиҳоби шуш, 109 кас – аз бемории дил ва дигар касалиҳои шуш фавтидаанд. Доир ба дигар сабабҳои марг маълумот дода нашуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...