Боз 1 ҳолати фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 48 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6 ҳазору 643 нафар расид. Гуфта мешавад, дар ин муддат боз 1 ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шуда, ҳамин тариқ, теъдоди умумии […]

Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 48 ҳодисаи нави сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6 ҳазору 643 нафар расид.

Гуфта мешавад, дар ин муддат боз 1 ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шуда, ҳамин тариқ, теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус 56 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, то 14-уми июл 178 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 54 кас баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Теъдоди умумии шифоёфтагон 5 ҳазору 332 (80,2%) нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, боз 1 ҳазор нафар беморони дигар дар хонаҳояшон муолиҷа мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, Сардори шуъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд Лолахон Файззода чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки тӯли ним сол дар вилоят 6063 ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шуда, “дар ҳеҷ кадоме аз маълумотномаҳои тиббӣ COVID-19 ба сифати сабаби марг зикр нашудааст”.

Ӯ қайд кард, ки тибқи маълумотномаҳои тиббӣ оид ба сабабҳои марг, дар ин давра 203 нафар аз бемории илтиҳоби шуш, 109 кас – аз бемории дил ва дигар касалиҳои шуш фавтидаанд. Доир ба дигар сабабҳои марг маълумот дода нашуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.