Осеби офати табиӣ ба сокинони Ашту Исфара

Asia-Plus

Сокинони шаҳри Исфара ва ноҳияи Ашти вилояи Суғд аз омадани сели рӯзҳои 13 ва 14 июл бар асари боришоти шадид осеб диданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ, сел ба 25 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони деҳаи Мулломири шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт лойоба ворид кардаву роҳи дохили русторо аз сангу шағал пур кардааст.

“Рӯзи 14 июл Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ашт барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ чораҳои зарурӣ андешида, ба миқдори зарурӣ маводи сӯхт ҷудо шуд ва бо ҷалби экскаватори VOLVO  6 километр роҳи дохили деҳа аз қуму шағал тоза карда шуд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, қарибиҳои шоми рӯзи 14 июл бар асари боридани борони шадид дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз селроҳаи Лангар сел омада, ба 8 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон селоба даромад.

“Сипас сел ба 4 замини наздиҳавлигии сокинони ҷамоати деҳоти Ворух, маҳаллаи Ҷӯйи Дам ворид шудааст”, – қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Исфара ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.