Ҳалокати як ҷавон дар Панҷакент аз зарбаи раъду барқ

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон бар асари ҳодисаҳои нохуш 2 нафар ба ҳалокат расиданд. Сокини 16-солаи ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент рӯзи 13 июл ба чаронидани чорво машғул буд. “Ҷавон ба хона барнагашта, кофтукови ӯ оғоз мегардад, ки қариб як шабонарӯз идома меёбад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда […]

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон бар асари ҳодисаҳои нохуш 2 нафар ба ҳалокат расиданд.

Сокини 16-солаи ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент рӯзи 13 июл ба чаронидани чорво машғул буд.

“Ҷавон ба хона барнагашта, кофтукови ӯ оғоз мегардад, ки қариб як шабонарӯз идома меёбад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҷасади ҷавон, ки аз зарбаи оташаки раъду барқ осеб дида буд, рӯзи 14 июл дар наздикии кӯҳи Онасанг дарёфт шудааст.

Ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар ноҳияи Ванҷ навраси 12-сола дар об ғарқ шуда, муяясар шудааст, ки ҳамсоли ӯ наҷот дода шавад.

“Наврасони 12-сола дар ҳавз машғули оббозӣ буданд, ки ногаҳон ғарқ шуданд. Аҳолии деҳа саривақт ба ёрӣ расида, ҳар дуро зинда аз об берун оварданд ва ба бемористони ноҳиявӣ интиқол доданд. Яке то расидан ба бемористон ҷон дода, дуюмӣ ҳоло муолиҷа мешавад”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, аз оғози сол дар Тоҷикистон 41 нафар дар нукоти мухталифи кишвар дар об ғарқ шуданд, ки синни 12 нафари онҳо то 16-сола буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.