Нақлиёти ҷамъиятӣ бо эстакада чун пешина равуо мекунад

Бо ифтитоҳи эстакадаи сесатҳа дар мавзеи Қарияи Болои шаҳри Душанбе нақлиёти ҷамъиятӣ ба равуо тариқи хатсайрҳои пешин бармегардад. “Айни замон қариб ҳамаи микроавтобус (маршрутка) ва автобусҳо бо роҳҳои ҳамшафат аз ду самт равуо мекунанд. Лекин дар ду-се рӯзи наздик ҳамаи нақлиёти ҷамъиятӣ, ки тариқи Қарияи Боло мегузарад, ба равуо тариқи хатсайрҳои пешина, яъне хатсайрҳо то […]

Бо ифтитоҳи эстакадаи сесатҳа дар мавзеи Қарияи Болои шаҳри Душанбе нақлиёти ҷамъиятӣ ба равуо тариқи хатсайрҳои пешин бармегардад.

“Айни замон қариб ҳамаи микроавтобус (маршрутка) ва автобусҳо бо роҳҳои ҳамшафат аз ду самт равуо мекунанд. Лекин дар ду-се рӯзи наздик ҳамаи нақлиёти ҷамъиятӣ, ки тариқи Қарияи Боло мегузарад, ба равуо тариқи хатсайрҳои пешина, яъне хатсайрҳо то оғози сохтмони эстакадаи сесатҳа бармегардад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси пойтахт Хайрулло Камолов.

Ба гуфтаи ӯ, ояндаи наздик микроавтобусҳои №№ 25, 52 ва 17, инчунин автобуси №38 дубора тариқи Қарияи Боло ҳаракат мекунанд. Микроавтобусҳои №№ 19 ва 54, автобуси №18, ки имрӯз аз назди бинои Прокуратураи генралӣ гузашта, ба дасти рост – маркази савдои “Ёвар” мегарданду ба Кӯли ҷавонон ва минбаъд бо хатсайр мераванд, ҳамчунин ба равуо тариқи Қарияи Боло бармегарданд.

Авутобус ва маршруткаи №8, ки имрӯз бо хатсайри маҳаллаи Зарафшон – фурудгоҳ (тариқи маҳаллаи Меҳробод (Калинин), хиёбони Исмоили Сомонӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Боғи ҳайвонот равуо мекунад, низ ба хатсайри пешина бармегардад.

“Масофаи хатсайри троллейбуси №10, ки қаблан аз маҳаллаи “Обшорон” то маҳаллаи 102-юм равуо мекард, то дарвозаҳои ғарбии Душанбе дароз карда мешавад. Троллейбуси №12 (Гипрозем – Фурӯшгоҳи Марказӣ, ЦУМ), ки бо сабаби баста будани роҳ то сирк равуо мекард, дубора ба хатсайри маъмулиаш бармегардад”, – илова кард Хайрулло Камолов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.