АНМН: Дар Тоҷикистон нашъаҷаллобон ба “синтетика” мегузаранд

Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Миқдори маводи психотропии мусодирагардида, ки истеъмолгаронаш асосан ҷавонон мебошанд, дар Тоҷикистон зиёд мешавад.

“Сарфи назар аз камшавии маводи нашъаовар дар нимсолаи аввал дар умум, мусодираи маводи нашъаовари героин ва маводи синтетикии психотропӣ афзуд, ки ба солимии инсон бештар зарароваранд”, – гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон Шерхон Салимзода.

Бино ба маълумоти номбурда, дар ин давра 1649 ҳаб (таблетка) ва 14,545 кг маводи синтетикии психотропӣ мусодира гардидааст, ки 8,8 кг ё худ 2,5 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 1 тоннаву 186 кг 434 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 126 килову 388 грамм ё худ ба андозаи 9,6% камтар аст.

“Истеъмолгарони асосии воситаҳои нашъаовари синтетикии психотропӣ ҷавонон мебошанд. Як ҳаби он аз 15 то 20 доллар нарх дорад. Ҷинояткорон ин маводро маъмулан дар муассисаҳои фароғатӣ мефурӯшанд. Агенти оқибатҳои ҷиддии ин тамоилро дарк карда, барои аз байн бурдани қочоқи ин навъи воситаҳои нашъаовар ҳамаҷониба талош меварзад”, – иброз дошт Салимзода.

Ба гуфтаи сардори Агентӣ, дар Тоҷикистон маводи синтетикии психотропӣ истеҳсол намешавад ва онро тариқи қочоқ аз кишварҳои Аврпуо, инчунин Афғогистону Эрон ба ҷумҳурӣ ворид мекунанд.

“Дар як амалиёт гурӯҳи ҷиноятпешае ошкор шуд, ки зиёда аз 5 ҳазор ҳабро дар автомашинаҳои барои фурӯш дар Тоҷикистон пешбинигардида аз Рига меовард”, – илова кард Шерхон Салимзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...