Хандақҳо ва постгоҳҳои пурзӯршуда дар қитъаи сарҳади ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Қирғизистон

Барои пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус дар тӯли сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаи байни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак назорати ҳамаҷониба ҷорӣ шуда, убури ғайриқонунии он аз ҷониби шаҳрвандони ҳамсоякишвар ғайриимкон аст. Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки сарҳад байни кишварҳои ҳамсоя ҳанӯз нимаи моҳи апрел […]

Барои пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус дар тӯли сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаи байни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак назорати ҳамаҷониба ҷорӣ шуда, убури ғайриқонунии он аз ҷониби шаҳрвандони ҳамсоякишвар ғайриимкон аст.

Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки сарҳад байни кишварҳои ҳамсоя ҳанӯз нимаи моҳи апрел баста шуда, назораи сарҳадӣ пурзӯр карда шуд.

“Асосан қаламрави ду ҷамоати ноҳия – Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача бо Қирғизистон ҳамсарҳаданд. Дар 17 гузаргоҳи мавҷуда ба хотири пешгирии равуои ғайриқонунии нақлиёт ва шаҳрвандон хандақҳо кофта шуда, аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ ва сарҳадбонон постгоҳҳои шабонарӯзӣ ташкил карда шуданд. Мо тамоми роҳҳои имконпазири убурро аз ду самт – Конибодом ва аз тарафи худ бастем”, – иброз дошт Зариф Назирӣ.

Ба гуфтаи ӯ, қад-қади шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом, ки хати шартии сарҳад байни маҳаллаҳои аҳолинишини ду кишвар шуморида мешавад, шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва мағозаҳои Қирғизистон ҷойгиранд.

Зикр шуд, ки барои пешгирии паҳншавии коронавирус тадбирҳои муассир андешида шуда, дар ҳама ҷо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ гузошта шудаанд, ки ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ харидорӣ гардидаанд.

“Сарҳад пурра баста буда, ғайриқонунӣ гузаштани он аз ҷониби шаҳрвандони кишвари ҳамсоя қариб ғайриимкон аст”, – афзуд раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.