Баррасии сафарбарии мутахассисони Чин ба сохтмони маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон

Рӯзи 14 июл вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар мулоқот масъалаҳои гуногуни рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла аз Чин ба Тоҷикистон сафарбар намудани мутахассисон барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои муштараки саноатӣ ва […]

Рӯзи 14 июл вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар мулоқот масъалаҳои гуногуни рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла аз Чин ба Тоҷикистон сафарбар намудани мутахассисон барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои муштараки саноатӣ ва сохтмону азнавсозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва иҷтимоӣ, инчунин "Бинои нави Парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳокима гардиданд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон таклифу пешниҳодҳои тарафҳо вобаста ба баргузор намудани ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Чин, таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани содироти меваи тару тоза ва хушк ба бозорҳои хитоӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва пешниҳоди сабукиҳои хизматрасонии қарзи давлатӣ вобаста ба паёмадҳои пандемияи коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон хуш пазируфта шуданд.

Зикр мегардад, ки ҷониби Хитой вобаста ба пешниҳодҳои манзуршуда омодагии худро барои ҳамкорӣ ва расонидани кумаки техникӣ изҳор кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.