Мусодираи гӯшти мурғи ширкати “Шивер Тоҷикистон” дар сарҳад

Кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон соли равон 670 кило гӯшти мурғи ширкати “Шивер Тоҷикистон”-ро бе ҳуҷҷатҳои дахлдор дар сарҳад мусодира карданд. Ин ширкат молики франшизаи шабакаи гипермаркетҳо таҳти тамғаи “Ашан” аст. Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин миқдор гӯшти муодирашуда ба ихтиёри Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе супурда […]

Кормандони Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон соли равон 670 кило гӯшти мурғи ширкати “Шивер Тоҷикистон”-ро бе ҳуҷҷатҳои дахлдор дар сарҳад мусодира карданд. Ин ширкат молики франшизаи шабакаи гипермаркетҳо таҳти тамғаи “Ашан” аст.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин миқдор гӯшти муодирашуда ба ихтиёри Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе супурда шуд.

Дар ҷараёни санҷишҳои Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ ҳамагӣ ҳудуди 34 тонна маснуоти гӯштӣ, ки ба талаботи бехатарии ғизо ҷавобгӯ набуданд, мусодира ва нобуд карда шудаанд.

Дар ин давра аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ наздики 10,5 ҳазор тонна маҳсулоти гӯштӣ ворид шуда, ҳамаи он дар нуқтаҳои сарҳадии Кумита аз санҷиш гузаштаанд.

Ба гуфтаи Файзуллозода, имрӯз барои ба Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти хатарнок барои солимӣ ҳеҷ гуна имконият нест.

Аммо хавфи воридоти маҳсулоти пастсифат аз ҷониби қоҷооқбарон вуҷуд дорад, ки аз нуқтаҳои ғайрирасмии убури сарҳад истифода мекунанд.

“Тибқи маълумоти мо, танҳо дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 127 нуқтаҳои ғайриқонунӣ мавҷуданд, ки ба воситаи онҳо маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ тариқи қочоқ оварда мешавад”, – хабар дод роҳбари Кумита.

Ба ақидаи ӯ, дар минтақаи сарҳад бо Қирғизистон хонаҳои сокинони ду кишвар аз ҳамдигар хеле наздик ҷойгир шуда, назорати пурраи интиқоли молу маҳсулот аз як ҷой ба ҷойи дигар хеле душвор аст.

“Аз ин рӯ, баъзан дар нуқтаҳои фурӯш маҳсулоти пастсифат пайдо шуда метавонанд”, – афзуд Файзуллозода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.