Парвозҳои чартерӣ аз Маскав то охири моҳи июл ҳар рӯз сурат мегиранд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан бобати анҷоми парвозҳои чартерии ҳамарӯза аз Русия аз Росавиатсия иҷоза гирифт.

“Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми парвоз бо хатсайрҳои иловагии чартерӣ барои бозгашти шаҳрвандонамон аз Росавиатсия иҷоза гирифт. То охири моҳи июл ҳар рӯз бонавбат ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ аз Маскав ба Душанбе парвоз мекунанд. Аз дигар шаҳрҳои Русия парвоз бо хатсайрҳои чартерӣ бо тартиби зайл аст: 2-то аз Новосибирск, 2-то аз Қазон, 1-то аз Уфа, 1-то аз Краснодар ва 2-то аз Санкт-Петербург”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи муътамад аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, имрӯз, 16 июл аз Русия  ду парвоз бо хатсайрҳои чартерӣ анҷом дода мешавад: яке аз Маскав ва дигараш аз Екатеринбург.

“Пагоҳ, 17 июл парвоз бо хатсайр аз Санкт-Петербург ва 19 июл аз шаҳри Уфа парвоз ба нақша гирифта шудааст”, – иттилоъ дод манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки агар ҷониби Русия иҷоза диҳад, ҳавопаймоҳо аз Душанбе шаҳрвандони Русияро бо худ мегиранд, дар акси ҳол, ҳавопамйоҳо ба Маскав холӣ (бе мусофир) парвоз хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирон дар Русия аз он нигаронанд, ки бар асари ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус дар намояндагии дипломатӣ, сафорати Тоҷикистонро барои карантин баста метавонанд.

Ба саволи мо дар мавриди ин масъала манбаъ қайд кард, ки вазъият дар сафорат алҳол тинҷу ором буда, кормандони он бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.

“Имрӯз ҳамаи кормандон бори дигар тести ташхиси коронавирус супориданд. Ба ҷуз се корманд, алҳол дигар сироятёфтагон ошкор нашудаанд. Сафоратро ба карантин намебанданд ва агар банданд ҳам, кормандон тариқи реҷаи онлайн ба кор идома медиҳанд. Мутаносибан, бақайдгирӣ ва тартиб додани рӯйхати мусофирон низ дар реҷаи онлайн анҷом дода мешавад”, – афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон баровардани шаҳрвандони худро аз кишварҳои хориҷӣ аз 25 июн шурӯъ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...