Додситони Хатлон иттиҳоми порагирии собиқ раиси шаҳри Кӯлобро тавзеҳ дод

Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро имрӯз, 16-уми июл дар нишасти хабарии прокуратураи вилояти Хатлон тавзеҳ доданд. Абдураҳим Раҳимзода, прокурори вилояти Хатлон гуфт, ки аризаи шикоятӣ ба прокуратураи вилоят ворид гардида, аз рӯйи он нисбат ба ронандаи Иноятзода санҷиш оғоз карда шуд. Зимнан маълум гардид, ки Баҳром Иноятзода дар вазифаи раиси […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро имрӯз, 16-уми июл дар нишасти хабарии прокуратураи вилояти Хатлон тавзеҳ доданд.

Абдураҳим Раҳимзода, прокурори вилояти Хатлон гуфт, ки аризаи шикоятӣ ба прокуратураи вилоят ворид гардида, аз рӯйи он нисбат ба ронандаи Иноятзода санҷиш оғоз карда шуд. Зимнан маълум гардид, ки Баҳром Иноятзода дар вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб кор карда, аз шаҳрвандон барои ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони объектҳои ҷашнӣ дар 12 ҳолат ба воситаи зертобеони худ 400 ҳазор сомонӣ талаб карда, пора гирифтааст.

Аз тарафи прокуратураи вилоят нисбат ба Иноятзода бо моддаи 319 қисмҳои 3 ва 4 КҶ ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

“Дар рафти тафтишоти пешакӣ агар ҳолатҳои нав пайдо шаванд, дар мавриди онҳо низ чораандешӣ мекунем”, – гуфт прокурори вилоят.

Қаблан прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба рӯзноманигорон гуфт, нисбат ба собиқ раиси шаҳри Кӯлоб, ки ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳабс шудааст, айбномаи нав оид ба муомилоти ғайриқонунӣ бо қитъаи замин пешниҳод гардид.

Прокурори генералӣ дар нишасти хабарӣ овозаҳои бо дастури Иноятзода ба фурӯш мондани кумаки башардӯстонаи ба шаҳр воридшуда, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи тиббиро рад кард.

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ рӯзи 8-уми июн раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ боздошт карданд.

Тавре маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар дода буд, қаблан Хурсандалӣ Хуррамов, ронандаи шахсии Иноятзода рӯзи 27-уми май ва Фирӯз Қурбонов, мудири қабулгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб 3-юми июн бо иттиҳоми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуданд.

“Дар рафти тафтишоти пешакӣ онҳо баёнот додаанд, ки ин кирдорҳояшонро бо супориши раиси шаҳри Кӯлоб содир кардаанд”, – қайд шудааст дар маълумоти КДАМ.

Ғайр аз ин, таъкид шудааст дар хабар, аз сокинони шаҳри Кӯлоб доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр якчанд аризаи шикоятӣ ворид гардида, ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.