Юсуф Раҳмон овозаҳои кумаки башардӯстона фурӯхтани собиқ раиси Кӯлобро рад кард

Ба собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, ки ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳабс шуд, боз бо як моддаи КҶ ҶТ – муомилоти ғайриқонунӣ бо қитъаи замин айбномаи нав пешниҳод шуд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон хабар дод. Прокурори генералии ҷумҳурӣ овозаҳои бо дастури Иноятзода ба фурӯш […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, ки ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳабс шуд, боз бо як моддаи КҶ ҶТ – муомилоти ғайриқонунӣ бо қитъаи замин айбномаи нав пешниҳод шуд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон хабар дод.

Прокурори генералии ҷумҳурӣ овозаҳои бо дастури Иноятзода ба фурӯш гузошта шудани кумаки башардӯстонаи ба шаҳр воридшуда, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи тиббиро рад кард.

Аз идомаи шарҳи қазияи мазкур Юсуф Раҳмон худдорӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, тӯли 6 моҳи соли равон мақомти прокуратура нисбати зиёда аз 600 қарори раисни шаҳру навоҳӣ дар мавриди ғайриоқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замин ба аҳолӣ эътироз овардааст.

“Нисбати зиёда аз 3,2 ҳазор нафар мансабдорон аз рӯйи далели муомилоти ғайриқонунӣ дар ҷудо гардидани қитъаи замин парвандаҳои маъмурӣ ва 512 парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, – гуфт прокурори генералӣ.

Зимнан зикр шуд, ки ҳудуди 6,3 ҳазор гектар замин ба нафъи давлат баргардонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.