Раиси ПСС: “Бе интернет тиҷорат аз байн меравад”

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соҳибкорони Тоҷикистон, ки пешбурди тиҷоратро тариқи шакли онлайн қабул надоранд, шояд ояндаи наздик фаъолияти худро қатъ кунанд.

Раиси Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки камбуди онҳо дар қодир набудан ба мутобиқшавӣ ба шароити нав ва боисрор пайгирии шаклу усули пешинаи савдо ифода меёбад.

Пандемияи коронавирус ба фаъолияти ПСС баъзе тағйирот ворид карда, баҳри мусоидат ба ширкатҳои содиркунандаи ватанӣ дар азхудкунии бозорҳои нави фурӯш Палата ҷиҳати гузаронидани тиҷорат ба реҷаи онлайн фаъолона тадбирҳо рӯйи кор мегирад.

“Мутаассифона, аксари тоҷирону ширкатҳо дар бораи афзалият ва суди тиҷорати онлайн тасаввуроти кофӣ надошта, шаклҳои анъанавии пешбурди онро афзалтар медонанд ва бо ин сабаб шояд ба наздикӣ бозори худро аз даст дода, фаъолияташонро қатъ кунанд”, – гуфт Ҷумъахонзода.

Ба гуфтаи ӯ, коҳиши хароҷот барои иҷораи майдони савдо, камшавии шумори ҳайати шахсӣ ва мутаносибан хароҷоти музди меҳнат, тавсеъаи имконоти паҳншавии маълумот дар бораи маҳсулот ва таблиғи он, дарёфти шарикон барои тиҷорати бузургу миёна дар кишварҳои дигар аз ҷумла афзалиятҳои муҳими савдои электронӣ мебошанд.

Барои қафо намондан аз тамоилҳои муосир ва беҳбуди самаранокии фаъолият ҷиҳати кумак ба ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти ватанӣ ва рушди тиҷорат дар Тоҷикистон, Палата ният дорад, ки Шӯрои тиҷорати электронӣ таъсис диҳад. Дар ин Шӯро масоили марбут ба пешбурди тиҷорат бо реҷаи онлайн мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор мегиранд.

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон намоишгоҳҳои миллиро низ тариқи реҷаи онлайн баргузор карданист.

Масалан, Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии “Тоҷикистон-2020” тирамоҳи соли равон метавонад нахустин чорабинӣ дар шакли онлайн бошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...