Дастури раиси пойтахт ба таъмини тозагӣ дар бозору нақлиёти ҷамъиятӣ

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 15 июл иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар он аз рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии пойтахт дар шаш моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда шуданд. Дар иҷлосия таъкид шуд, ки сарфи назар […]

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 15 июл иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар он аз рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии пойтахт дар шаш моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда шуданд.

Дар иҷлосия таъкид шуд, ки сарфи назар аз пандемияи коронавирус дар кишвар ва саросари дунё, дар давраи сипаришуда Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3% афзуда, 6, 7 миллиард сомониро ташкил дод.

Рустами Эмомалӣ ҷиҳати назорати қатъӣ аз болои сифати корҳо дар иншшоти мавриди сохтмон қарордошта дар пойтахт, таваҷҷуҳ ба бунёди иншооти нав дар соҳаи саноат, таъмини тартиботу тозагӣ дар бозор ва нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ба сохторҳои дахлдор дастурҳои мушаххас дод.

Вакилон сарҳадҳои нави шаҳри Душанберо тасдиқ карданд. Ба ин тариқ, қаламрави шаҳр аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба масоҳати 7,66 ҳазор гектар афзуда, ба 20,32 ҳазор гектар баробар шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.