Вазорати нақлиёт: Ҳаҷми зиён аз боркашонӣ 132 млн сомониро ташкил дод

Баста шудани сарҳадҳо ва маҳдудиятҳои ҷоришуда вобаста ба пандемияи коронавирус ба коҳиши ҳаҷми ҳамлу нақли байнулмилалии бор ва мусофирон боис гардид. “Давоми 6 моҳи соли равон тариқи ҳама гуна навъи нақлиёт дар умум 38790,2 ҳазор тонна бор кашонида шуда, ба 296018,8 ҳазор нафар мусофирон хизматрасонӣ сурат гирифтааст, ки мутаносибан ба 92,2% ва 97% нисбат ба […]

Баста шудани сарҳадҳо ва маҳдудиятҳои ҷоришуда вобаста ба пандемияи коронавирус ба коҳиши ҳаҷми ҳамлу нақли байнулмилалии бор ва мусофирон боис гардид.

“Давоми 6 моҳи соли равон тариқи ҳама гуна навъи нақлиёт дар умум 38790,2 ҳазор тонна бор кашонида шуда, ба 296018,8 ҳазор нафар мусофирон хизматрасонӣ сурат гирифтааст, ки мутаносибан ба 92,2% ва 97% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробар аст”, – хабар дод зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода.

Ба гуфтаи вазир, бар асари пандемияи коронавирус моҳҳои охир ҳаҷми боркашонии байнулмилалӣ ва хизматрасонӣ ба мусофирон ба таври назаррас коҳиш ёфт.

“Зиёни расида аз таъсири пандемия ба боркашонии автомобилӣ 132 млн сомонӣ арзёбӣ шуда, Вазорат баҳри беҳбуди вазъият дар ин самт тадбирҳои дахлдор рӯйи даст мегирад”, – иброз дошт Худоёрзода.

Зикр шуд, ки қаблан боркашонӣ ва мусофиркашонии байнулмилалӣ тариқи 17 постгоҳҳои назоратии сарҳадӣ сурат гиифта, бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус, айни замон он танҳо тавассути 7 постгоҳ амалӣ мешавад.

Дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 3 постгоҳ, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон – 2 ва дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистону Чин 1-постгоҳӣ амал мекунанд.

Вазири нақлиёт зикр кард, ки фаъолияти постгоҳи назоратии “Қулма” дар сарҳади байни Тоҷикистону Чин ҳанӯз аввали сол қатъ гардида, аввали моҳи май барқарор шуд, лекин тариқи он танҳо ба боркашонии контейнерӣ иҷоза дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.