Сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар ба таъхир афтод

Date:

Марҳилаи аввали корҳои таъмиру навсозиро дар роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар дар муҳлати пешбинишуда анҷом додан имкон надорад, зеро мутахассисони Чин алҳол ба Тоҷикистон омада наметавонанд.

“Пандемияи коронавирус муҳлатҳои татбиқи бисёре аз лоиҳаҳои сармоягузориро тағйир дод. Муҳлати амалисозии марҳилаи 1-уми лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар, ки бояд моҳи октябри соли ҷорӣ ба анҷом мерасид, ба вақти дертар мавқуф гузошта шуд”, – гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари пандемияи коронавирус 45 нафар мутахассисони ширкати паймонкор барои иштирок дар корҳои сохтмон дар ин қитъа аз Чин ба Тоҷикистон омада наметавонанд.

“Айни замон коргарони маҳаллӣ ба сохтмон машғуланд. Доир ба бозгашти ҳарчӣ зудтари мутахассисони Чин гуфтушунид дорем ва ба фикрам, ин масъала ояндаи наздик мусбат ҳал мешавад”, – иброз дошт Худоёрзода.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, айни замон марҳилаи 1 ва 2-юми лоиҳаи “Азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” амалӣ мешавад.

Паймонкори лоиҳа дар марҳилаи якум ширкати “Синтзян Бейсин”-и Чин ва мушовири байнулмилалӣ ширкати “КОКС”-и Олмон мебошанд.

Дар марҳилаи аввал таъмиру навсозии 33 километр қитъаи роҳ бо сохтмони пул дар болои дарёи Кофарниҳон пешбинӣ шудааст. Барои анҷоми таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ 96,3 млн. доллар маблағ ҷудо гардидаааст.

Маблағи марҳилаи дуюми лоиҳа (бо масофаи 39,6 километр бо сохтмони пул дар болои дарёи Вахш) 107,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Анҷоми пурраи корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар бо масофаи умумии 82 километр соли 2022 дар назар аст.

Дар натиҷаи амалӣ гаштани лоиҳа, роҳ аз категорияи “III“-юм (роҳи автомобилгарди маъмулӣ) ба категорияи “1-Б” (роҳи автомобилгарди босуръат) гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 27 метрро ташкил медиҳад. Айни замон паҳноии роҳ то 12 метр мерасад.

Дар тӯли роҳ таҷҳизоти рӯшноидиҳанда ва низоми эҳтиётии ғизогирии барқ бар асоси панелҳои офтобӣ насб мешавад.

Қобили зикр аст, ки роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар яке аз серравуотарин дар ҷумҳурӣ шуморида мешавад: тариқи он дар як рӯз наздики 10 ҳазор адад автомашинаҳо равуо мекунанд. Роҳ қисме аз Шабакаи роҳҳои автомобилгарди авруосиёӣ мебошад, ки кишварҳои Осиёи Марказиро бо Чин мепайвандад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...