Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба майори милитсияи Хуросон барои латукӯб

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Прокуратураи вилояти Хатлон вобаста ба ҳолати аз тирезаи ошёнаи дуюми ШВКД-и Хуросон худро ба замин партофтани сокини ин ноҳия парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, як корманди ин шуъбаро боздоштааст.

Миллопар Бандишозода, муовини прокурори вилояти Хатлон рӯзи 16-уми июл дар нишасти хабарӣ ин ҳодисаро чунин шарҳ дод: “Майори милитсия Исломбек Забирзода дар вазифаи нозири Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Хуросон фаъолият карда, ҷиноятҳои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо истифодаи зӯроварӣ, дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ нисбат ба прокурор ва боздошти ғайриқонуниро содир кардааст”.

Номбурда афзуд, ки Исломбек Забирзода 23-юми апрели соли равон бе супориши роҳбарияти ШВКД ба санҷиши аризаи сокини ноҳияи Хуросон Фирӯз Гулов оиди аз манзили истиқоматиаш аз тарафи шахсони номаълум дуздидани 2500 сомонӣ машғул мешавад. Ӯ бо истифода аз фишору маҷбуркунӣ аз сокини ҳамин ноҳия Шаҳбоз Юлдошев баёнот гирифтааст, ки гӯё ин ҷиноятро сокини дигари Хуросон Маҳмадмумин Муминов содир кардааст.

Исломбек Забирзода худи ҳамон шаб тахминан соати 20:30 дақиқа Муминовро ба ШВКД овардааст. Сипас ӯро давоми 3 соат таҳти фишору зӯроварӣ қарор дода, латукӯб кардааст ва як қисми мӯйи сарашро бо даст кандааст. Муминов маҷбуран дар содир кардани ҷиноятӣ дуздӣ иқрор шудааст ва хабари бардурӯғ додааст, ки ашёи дуздидаашро ба хонаашон бурдааст. Забирзода тахминан соати 23:30 дақиқа ба манзили истиқоматии Муминов рафта, бархилофи талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ амал карда, бидуни тартиб додани ҳуҷҷати мурофиавӣ ва таъмини шахсони холис, манзили истиқоматии ӯро мавриди кофтуков қарор додааст ва аз анбор ашёи ба соҳибхона тааллуқдоштаро ба бинои ШВКД овардааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Исломбек Забирзода шаби 23 ба 24-уми апрели соли 2020 то саҳар шаҳрванд Маҳмадмумин Муминовро, ки ҷинояти дуздиро содир накарда буд, ғайриқонунӣ дар бинои ШВКД нигоҳ доштааст. Нисфирӯзии 24-уми апрел Муминов ба шиканҷаю зӯроварӣ ва таҳдиду ҳаракатҳои дигари ғайриқонунии Забирзода тоқат накарда, бо мақсади раҳо ёфтан аз тирезаи кушодаи ошёнаи дуюми бинои ШВКД худро ба замин партофтааст. Дар натиҷа муҳраҳои камар ва устухонҳои ҳар ду пояш шикастааст.

Вобаста ба ин ҳолат прокуратураи вилояти Хатлон санҷиши прокурорӣ гузаронида, нисбат ба Исломбек Забирзода бо моддаҳои 316 қисми 3 банди “а” (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо истифодаи зӯроварӣ), 346 қисми 3 банди “а” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ нисбат ба судя, прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда) ва 358 қисми 1 (Ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Ба қавли муовини прокурори вилояти Хатлон, нисбат ба Исломбек Забирзода чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ татбиқ карда шудааст. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ дар арафаи анҷомёбист ва рӯзҳои наздик ба суд фиристода мешавад.

Миллопар Бандишозода ҳамчунин гуфт, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои эътиноии прокурорӣ 14 нафар кормандони милитсия бинобар вайрон кардани қонунгузорӣ ва поймол намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон аз вазифаҳои ишғолкардаашон дар мақомоти милитсия озод карда шуданд. Илова бар ин, дар 6 моҳи гузашта нисбат ба 4 нафар кормандони милитсия бо ҷурми баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...