Сокинони деҳаи Зебон дар Панҷакент аз иншооти иҷтимоӣ маҳруманд

Деҳаи Зебони ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, ки дар 7 километрии ҷануби шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, на хонаи саломатию варзишгоҳ, на сартарошхонаю клуб, на чойхона ва на коргоҳи дӯзандагию маркази ҳунаромӯзӣ надорад. Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кардаву аз ин тасмим беш аз 1,5 сол […]

Хуршед Фозилов, ТВ “Ориёнур”

Деҳаи Зебони ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, ки дар 7 километрии ҷануби шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, на хонаи саломатию варзишгоҳ, на сартарошхонаю клуб, на чойхона ва на коргоҳи дӯзандагию маркази ҳунаромӯзӣ надорад.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кардаву аз ин тасмим беш аз 1,5 сол сипарӣ шудааст.

Сокинони деҳа мегӯянд, аз тамоми объектҳои маишиву иҷтимоӣ маҳруманд ва ҷое барои машғулият ё истироҳати наврасону ҷавонон, пиронсолон ва занону духтарон надоранд.

Раиси деҳаи Зебон Соҳибҷон Юнусов мегӯяд, пештар дар деҳа ҳам чойхона буду ҳам клуб ва ҳам хонаи саломатӣ, вале ин объектҳоро ба кадом нафаре фурӯхтанду ин маконҳо шахсӣ шуданд. Ба қавли ӯ, соҳибмулк табибонро аз ҷойи корашон пеш кардааст.

“Ҳамчунин 2 сол қабл масъулини ҳукумати шаҳр омада, барои бунёди варзишгоҳ ба мо ҷойро интихобу нишон дода буданд, вале соли гузашта дар ҷойи муқарраркардаи онҳо манзили истиқоматӣ бундёд шуд”, – изҳор дошт раиси деҳаи Зебон.

Ба гуфтаи сокинони ин деҳа, қисми зиёди заминҳо ба дасти як авлод тақсим шудаасту объектҳои маиширо ҳам онҳо соҳиб шудаанд.

Бошандагони Зебон умед доранд, то анҷоми “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” арзашонро масъулин мешунаванду баҳри ободии деҳа ва сохтани иншооти маишӣ чорае меандешанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.