Боздошти мудири шуъбаи умумии додгоҳи Хатлон барои қаллобӣ

Прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба мудири шуъбаи умумии Суди вилояти Хатлон Фаридун Азиззода парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Миллопар Бандишозода, муовини прокурори вилояти Хатлон рӯзи 16-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод, Фаридун Азиззода аз шаҳрванд А.З., ки парвандаи ҷиноятияш бо моддаи 247 (Қаллобӣ) дар баррасии Суди вилоят буд, бо ваъдаи мусоидат ба ҳукми сабуктар 15 ҳазор сомонӣ […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба мудири шуъбаи умумии Суди вилояти Хатлон Фаридун Азиззода парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Миллопар Бандишозода, муовини прокурори вилояти Хатлон рӯзи 16-уми июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод, Фаридун Азиззода аз шаҳрванд А.З., ки парвандаи ҷиноятияш бо моддаи 247 (Қаллобӣ) дар баррасии Суди вилоят буд, бо ваъдаи мусоидат ба ҳукми сабуктар 15 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

“Фаридун Азиззода ба шаҳрванд А.З. ваъда додааст, ки нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бидуни дур кардан аз мансаби ишғолкардааш таъин мешавад. Ӯ дар аввал аз шаҳрванд А.З. 14 ҳазор сомонӣ талаб карда, гирифтааст. Зимнан мувофиқа шудааст, ки 1000 сомонии боқимондаро пас аз иҷрои кор мегирад”, – гуфт муовини прокурор.

Вай афзуд, ки 2-юми июни соли 2020 ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон қабул гардида, шаҳрванд А.З. бо моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) гунаҳгор дониста шудааст. Нисбат ба ӯ ҷазои ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5800 сомонӣ бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои ба ҷавобгарии моддӣ алоқаманд таъин гардидааст.

Бандишозода мегӯяд, Фаридун Азиззода рӯзи 3-юми июн аз шаҳрванд А.З. 1000 сомонии дигар талаб мекунад. Ӯро баъд аз гирифтани маблағи зикршуда кормандони мақомоти прокуратура дастгир карда, маблағи 1000 сомониро аз мошини шахсияш ёфта, гирифтанд.

“Нисбат ба Фаридун Азиззода бо моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Айни замон тафтишоти пешакӣ идома дорад ва ҳафтаи оянда парванда барои моҳиятан дида баромадан ба суд ирсол карда мешавад”, – гуфт муовини прокурори вилояти Хатлон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.