Тақдири ширкати сохтмони писари Бег Зуҳуров то охири сол ҳал мешавад

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки то охири сол масъалаи марбут ба ширкати сохтмони “Комил-2010” ҳаллу фасл мешавад. “Корҳо дар ин самт ҷараён доранд, лекин ин кори осон нест. Мурофиаҳои судӣ мешаванд, лекин тавре ман гуфтам, то охири сол ба ин масъала нуқта мегузорем”, – […]

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки то охири сол масъалаи марбут ба ширкати сохтмони “Комил-2010” ҳаллу фасл мешавад.

“Корҳо дар ин самт ҷараён доранд, лекин ин кори осон нест. Мурофиаҳои судӣ мешаванд, лекин тавре ман гуфтам, то охири сол ба ин масъала нуқта мегузорем”, – қайд кард Аҳмадзода.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз аввали сол ӯ изҳор дошта буд, ки прокуратураи шаҳри Душанбе қонунӣ будани сохтмони манзилро дар қаламрави пойтахт аз ҷониби ширкати “Комил-2010” месанҷад.

“Ширкат ба амалҳои ғайриқонунӣ зимни бунёди манзилҳои баландошёна дар пойтахт ва шаҳри Кӯлоб гумонбар дониста мешавад. Камбудиҳои асосӣ дар он ифода меёбанд, ки корҳои сохтмон бидуни гузаштан аз ташхиси давлатӣ, инчунин сохтани ошёнаҳои иловагӣ берун аз лоиҳа оғоз гардидаанд. Мо бо мактуби расмӣ барои санҷиш ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карда, он парвандаро ба баррасии прокуратураи шаҳр дод. Мо онҳоро огоҳ кардем, ки агар камбудиҳо дар кӯтоҳтарин фурсат бартараф нашаванд, ширкат аз иҷозатномааш маҳрум шуда метавонад”, – хабар дода буд он замон Аҳмадзода.

Тибқи маводи таҳқиқоти журналистӣ, ки соли гузашта дар ҳафтаномаи “Фараж” нашр шуд, ширкати “Комил-2010” ба номи Зуҳуров Сиёвуш – писари сардори Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров ба қайд гирифта шудааст.

Ширкати “Комил-2010” 27 октябри соли 2010 дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шудааст. Айни замон ширкат ба сохтмони 16 манзили баландошёна дар маҳаллаи Зарафшон машғул буда, ваъда додааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолият (9 сентябри соли 2021) барои Хадамоти алоқа дафтаи корӣ месозад. Ин бинои 30-ошёнаи маъмурӣ дар маркази Душанбе (Главпочтамт) мебошад, ки дар тарафи рости муҷассамаи Исмоили Сомонӣ воқеъ аст.

Тибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, 2113 ташкилот барои сохтмони иншоот дар Тоҷикистон иҷозатнома доранд.

Байни онҳо 80 ташкилоти хориҷӣ низ ҳаст: 32 ташкилот аз Чин, 14 – аз Эрон, 10 – аз Русия, 4 – аз Туркия ва дигар кишварҳо.

Ҳамчунин 16 шахси хусусӣ низ барои сохтмон дар ҷумҳурӣ иҷозатнома доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.