Наздики ним миллион оилаҳо дар Тоҷикистон ба қитъаи замин барои сохтмони манзил ниёз доранд

Тӯли 10 сол беш аз 224 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманд дар Тоҷикистон барои сохтмони манзил қитъаи замин гирифтанд. Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ Ориф Хоҷазода имрӯз ба журналистон дар ин робита хабар дод, ки боз 7,5 ҳазор гектари бо қарори ҳукумат аз соли 2010 ҷудошуда барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар захира боқӣ мондааст. Он […]

Тӯли 10 сол беш аз 224 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманд дар Тоҷикистон барои сохтмони манзил қитъаи замин гирифтанд.

Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ Ориф Хоҷазода имрӯз ба журналистон дар ин робита хабар дод, ки боз 7,5 ҳазор гектари бо қарори ҳукумат аз соли 2010 ҷудошуда барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар захира боқӣ мондааст.

Он замон ҳукумат барои қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ 30,5 гектар замин ҷудо кард. То 1 январи соли 2020 аз ин майдони умумӣ қариб 23 ҳазор гектараш (наздики 70%) тақсим карда шудааст.

Дар КВД “Бақайдгирии амволи ғайриманқул” сабти давлатии 16 ҳазору 260 қитъаи замини наздиҳавлигӣ гузаронида шудааст.

Хоҷазода қайд кард, ки қитъаҳои замини боқимонда давра ба давра байни аҳолӣ тақсим карда мешаванд.

Бино ба маълумоти Кумитаи мазкур, имрӯз ҳудуди ним миллион оилаҳо дар Тоҷикистон ба қитъаи замин барои сохтмони манзил ниёз доранд.

Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки мақомоти идоракунии замини ҷумҳурӣ давоми 6 моҳ 6 ҳазору 697 ҳолатҳои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба заминро ошкор кардааст. Аз рӯйи 6 ҳазору 156 далел санадҳо тартиб дода шуда, дар бораи ҷаримабандии қонуншиканон дар ҳаҷми умумии 2 млн 940 ҳазору 763 сомонӣ қарор қабул шуд, ки наздики 2,35 млн сомонӣ аз ин маблағ ба суратҳисоби махсус ворид шуд.

Ба гуфтаи Ориф Хоҷазода, дар маҳалҳо ҳангоми ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ таваҷҷуҳ зоҳир намешавад.

Зимнан зикр шуд, ки дар масъалаи ошкор намудани риоя нагардидани меъёрҳои қонунгузорӣ дар бораи истифодаи замин Кумита бо Прокуратураи генералии кишвар ҳамкорӣ мекунад. Қаблан прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар бораи бекор кардани беш аз 600 қарори ғайриқонунии марбут ба истифодаи замини раисони шаҳру навоҳӣ хабар дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.