Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА тағйир наёфт

Мавқеи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинги Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки рӯзи 16 июл нашр шуд, бетағйир боқӣ монд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 1152 имтиёз дар зинаи 121-ум ҷойгир аст. Мавқеи беҳтаринро дар рейтинг миёни тимҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Ӯзбекистон дар зинаи 85-ум касб кардааст. Дар рейтинги нави ФИФА дастаи Қирғизистон мақоми 96-ум […]

Мавқеи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинги Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки рӯзи 16 июл нашр шуд, бетағйир боқӣ монд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо 1152 имтиёз дар зинаи 121-ум ҷойгир аст. Мавқеи беҳтаринро дар рейтинг миёни тимҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Ӯзбекистон дар зинаи 85-ум касб кардааст.

Дар рейтинги нави ФИФА дастаи Қирғизистон мақоми 96-ум ва тими Қазоқистон – зинаи 129-умро ишғол мекунанд.

Байни мунтахабҳои қораи Осиё мавқеи беҳтаринро дастаи Ҷопон ишғол кардааст, ки дар зинаи 28-уми рейтинг қарор дорад.

Сегонаи аввали рейтингро Белгия (зинаи якум), Фаронса (мақоми дуюм) ва Бразилия (зинаи сеюм) касб кардаанд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.