Дарсҳо дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 17 август оғоз мегарданд

Машғулиятҳо дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон рӯзи 17 август оғоз мегарданд. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки қарори мазкур дар мувофиқа бо Сиоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 қабул шудааст. “Бар асари пандемияи коронавирус ҷадвали таҳсил каме қафо монд. Метавон гуфт, ки ин ду ҳафта […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Машғулиятҳо дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон рӯзи 17 август оғоз мегарданд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки қарори мазкур дар мувофиқа бо Сиоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 қабул шудааст.

“Бар асари пандемияи коронавирус ҷадвали таҳсил каме қафо монд. Метавон гуфт, ки ин ду ҳафта як давраи мутобиқшавӣ хоҳад буд. Дар ду ҳафта мавзӯъҳои охири соли гузашта мавқуфмонда омӯхтаву такрор шуда, сипас соли нави хониш оғоз мегардад”, – гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати зарурат агар вазъи вобаста ба пандемия дар кишвар шиддат гирад, хонандагон фосилавӣ, бештар тариқи телевизион таҳсил мекунанд.

“Вазорат ба барномаҳои таълимии телевизионӣ афзалият медиҳад, чунки на ҳама ба технологияҳои нав ва интернет дастрасӣ доранд. Дар ҳамдастӣ бо шарикон мо барномаҳои таълимӣ ҳам бо телевизиону ҳам тариқи интернет таҳия кардем. Дар сурати зарурат хонандагон бо таҳсили фосилавӣ фаро гирифта мешаванд”, – қайд кард Муҳаммадюсуф Имомзода.

Вазир ҳамчунин зикр кард, ки Вазорат ба нашри барномаҳои таълимии барои телевизион таҳияшуда дар шабакаи Youtube омода аст.

“Ин камхарҷтар буда, нафарони зиёдро фаро мегирад, инчунин хонандагон ҳама гуна вақт онро тамошо карда метавонанд. Дар Youtube аллакай филмҳои тасвирии таълимии “Сандуқчаи зулбиё” бо забони тоҷикӣ гузошта шудааст”, – илова кард Имомзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.