Мақомот ба “Хӯҷа-командир” айбномаи нав пешниҳод карданд

Ба собиқ фармондеҳи саҳроии замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-командир) мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ айбномаи нав пешниҳод карданд. Дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҳанӯз нимаи солҳои 90-ум бозшуда даст доштани ӯ дар суиқасд ба куштор дар соли 1992 муайян карда шудааст. Дар маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон гуфта мешавад, пешдастгиршуда, марди 60-солаи сокини ҷамоати […]

Ба собиқ фармондеҳи саҳроии замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-командир) мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ айбномаи нав пешниҳод карданд.

Дар ҷараёни тафтиши парвандаи ҳанӯз нимаи солҳои 90-ум бозшуда даст доштани ӯ дар суиқасд ба куштор дар соли 1992 муайян карда шудааст.

Дар маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон гуфта мешавад, пешдастгиршуда, марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон, санаи 31-уми сентиябри соли 1992, дар дохили МТМУ №20-и деҳаи Қизил-қалъа, ситоди фронти халқӣ созмон дода, бо истифода аз силоҳи оташфишон бо мақсади ба қатл расонидан ба пойҳо ва аъзои бадани марди 62-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи мазкур тир паррондааст.

“Баъдан шахсони дар ситод ҳузурдошта дар ғоибии гумонбаршаванда аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҷабрдида ёрии аввалини тиббӣ расонида, хунравии пойҳои ӯро боздоштаанд. Дар натиҷа ҷабрдида аз марг наҷот ёфтааст”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Дар хабари маркази матбуоти ВКД аз гумонбаршуда ном бурда намешавад, лекин як манбаи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ кард, ки ин ҷо дар бораи Хӯҷа Каримов сухан меравад.

Нисбат ба гумонбаршуда аз ҷониби Прокуратураи геералии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 104 КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли равон Хӯҷа Каримов аз Дубай ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ӯ ба гумони содир кардани як қатор ҷиноятҳо мавриди пайгард қарор дошт. Аз ҷумла, ӯ ба куштор, шиканҷа, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳи оташфишон айбдор карда мешавад.

Хӯҷа Каримов қаблан фармондеҳи саҳроии “Фронти халқӣ” буда, солҳои 1992-1993 ба ҳайси муовини аввали бригадаи махсуси Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва собиқ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон кор кардааст.

Вай моҳи ноябри соли 1998 дар бинои парлумон ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ айбнома оид ба ташкили куштори вакилон Саидшо Шоев ва Тағай Шукуров пешниҳод гардид, аммо баъди чанде аз ҳабс озод шуда буд. Соли 1999 Хӯҷа Каримов Тоҷикистонро тарк кард.

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон рӯзи 14 июл зимни посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки тафтиши парвандаи ҷинятӣ нисбат ба Каримов дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ояндаи наздик ба баррасии суд пешниҳод мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.