Вазири маориф: “Мактабҳои олии мо аз мактабҳои олии минтақа монданӣ надоранд”

Вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ҳисоботи Нозироти давлатии санҷиши сифати таълими назди ҳукумати Ӯзбекистонро, ки дар он 8 мактаби олии Тоҷикистон ба рӯйхати муассисаҳои таълимии номақбул барои донишҷӯёни ӯзбек дохил карда шудаанд, ғайривоқеӣ унвон кард. “Қарори ҳамтоёни ӯзбек нисбат ба мактабҳои олии мо таҳқиқоти беинсофона ва ғайривоқеӣ аст. Дар қарори онҳо қайд шуд, ки ин […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ҳисоботи Нозироти давлатии санҷиши сифати таълими назди ҳукумати Ӯзбекистонро, ки дар он 8 мактаби олии Тоҷикистон ба рӯйхати муассисаҳои таълимии номақбул барои донишҷӯёни ӯзбек дохил карда шудаанд, ғайривоқеӣ унвон кард.

“Қарори ҳамтоёни ӯзбек нисбат ба мактабҳои олии мо таҳқиқоти беинсофона ва ғайривоқеӣ аст. Дар қарори онҳо қайд шуд, ки ин донишгоҳҳо дар Тоҷикистон амал намекунанд, ин муассисаҳое мебошанд, ки дар солҳои душвор барои кишвари мо таъсис ёфтаанд”, – гуфт Имомзода зимни нишасти хабарии имрӯза.

Дар ҳамин ҳол, ӯ изҳор дошт, ки донишҷӯёни ӯзбек хох-нохоҳ боз “ ба назди мо барои таҳсил меоянд”.

“Имрӯз бо итминон гуфта метавонам, ки донишгоҳҳои мо аз мактабҳои олии минтақа мондание надоранд. Такрор мекунам, ин қарори ғайривоқеӣ ва мухолифи санадҳои байнулмилалӣ аст, зеро мо дар бораи эътирофи дипломҳо созишномаи байниҳукуматӣ дорем. Ин рақобати носолим аст. Хоҳ-нохоҳ донишҷӯёни ӯзбек назди мо барои таҳсил хоҳанд омад”, – иброз дошт вазир.

Ба ақидаи Имомзода, имсол сафи донишҷӯёни кишвари ҳамсоя дар Тоҷикистон зиёдтар мешавад.

“Мактабҳои олии Ӯзбекистон ҳамагӣ 10-12%-и хатмкардагони мактабҳоро фаро гирифта, лекин ҳамаи хатмкардагон таҳсилро идома додан мехоҳанд. Таҳсилро дар Тоҷикистон хуш мепазиранд. Барои онҳо тамоми шароитро фароҳам оварда, нархҳоро мутобиқи шартнома пасттар кардем… Ба фикрам, имсол сафи донишҷӯёни ӯзбек дар Тоҷикистон боз бештар мешавад”, – илова кард вазир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.