Низоми обу корези Душанбе пурра навсозӣ мешавад

Бо дастури шаҳрдории Душанбе заминаи техникиву иқтисодии “Обу корези шаҳри Душанбе” бо назардошти васеъшавӣ ва мушкилоти мавҷуда мавриди таҳия қарор дорад. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки мушкили таъминот бо об ҳал шуда, акнун бо дастури ҳукумати пойтахт заминаи техникву иқтисодӣ оид ба низоми […]

Бо дастури шаҳрдории Душанбе заминаи техникиву иқтисодии “Обу корези шаҳри Душанбе” бо назардошти васеъшавӣ ва мушкилоти мавҷуда мавриди таҳия қарор дорад.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки мушкили таъминот бо об ҳал шуда, акнун бо дастури ҳукумати пойтахт заминаи техникву иқтисодӣ оид ба низоми обу корези шаҳр таҳия мешавад.

“Заминаи техникиву иқтисодӣ аз ҷониби шуъбаи лоиҳакашии мо таҳия гардида, то охири моҳи октябр онро ба раҳбарияти шаҳр пешниҳод мекунем”, – гуфт Аҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ, бо ин мақсад гурӯҳи байниидоравӣ таъсис ёфта, онҳо дар ҳар як кӯча ҳамаи камбуду норасоиҳоро дар ин низом меомӯзанд.

“Зимни таҳияи заминаи техникиву иқтисодӣ васеъшавии қаламрави шаҳр тибқи Нақшаи генералӣ ба инобат гирифта хоҳад шуд”, – таъкид дошт раиси Кумита.

Зимнан зикр шуд, ки мувофиқи Нақшаи генералӣ, иншооти поккунӣ (тозакунӣ) низ кӯчонида шуда, дар дигар ҷой иншооти нав сохта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.