Суғд: оғози мурофиаи гумонбарон ба узвият дар “Ихвон ул-муслимин”

tojiki

Суди вилояти Суғд ба баррасии парванда нисбат ба гурӯҳи шахсоне, ки ба узвият дар созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони Мусалмон) гумонбар дониста мешаванд, оғоз кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, дар ин мурофиа 21 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, айбдоршавандагон бар асоси моддаҳои 307, замимаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм), моддаи 307, иловаи 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) муттаҳам дониста мешаванд.

Моҳи январи соли 2020 беш аз 100 нафар сокинони вилоят ба сифати шоҳидон дар парвандаи “Ихвон-ул-муслимин” бозпурсӣ шуданд.

“Нисбат ба 20 нафар мутобиқи моддаи моддаи 307, иловаи 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ), иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Инҳо сокинони шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшану Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Онҳо дар муассисаҳои тахлимии динӣ дар хориҷи кишвар таҳсил карда, байни онҳо омӯзгорони мактабҳои олӣ низ ҳастанд”, – қайд кард манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Суди олии Тоҷикистон низ пушти дарҳои пӯшида ба барррасии парванда нисбати 114 шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Миср бо айбдорӣ ба узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин оғоз кард.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз соли 2016 20 нафар имомхатибони шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд. Шаш нафари онҳо хатмкардагони Донишгоҳи исломӣ дар Мадина (Арабистони Саудӣ) буда, охири солҳои 90-ум ба сафҳои созмони “Ихвон-ул-муслимин” пайвастаанд.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ манъ аст. Он соли 1928 дар Миср ташкил шуда, як созмони диниву сиёсӣ аст. Тарафдоронаш онро муътадил ва баъзе ҳукуматҳо террористиву ифротгаро медонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...